The COOLEST Games Ever Made

Home Page | About Page | Photo Page | What's New Page | Contact Page | Favorite Links | Slide Show

amr maruf
Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон! Бо ҳамди Худо ва дуруду салом бар сарвар, имом, улгу, ҳабиб ва муаллими мо Муҳаммад ва хонадон ва пайравонаш, Худованди субҳон паёмбаронашро муждадиҳандагон ва бимдиҳандагон дар замонҳои гуногун барои умматҳо ва миллатҳои мухталиф фиристодааст. Ҳар паёмбаре (қабл аз шариати Ислом) махсус дар қавми худ фиристода мешуд. Бинобар ин, паёмбарон мегуфтанд: “Эй қавми ман! Худои ягонаро бипарастед, ҷуз ў барои шумо худои дигаре нест”, “Фиристодаем Нуҳро бар қавмаш”, “Ва Иброҳим чун гуфт бар қавми худ”, “Ва Ҳуд фиристода шуд ба сўи қавмаш – Од” , “Ва Солеҳ фиристода шуд ба сўи қавмаш – Самуд”... (иқтибосот аз Қуръон). Вале он гоҳ, ки ҳазрати Муҳаммад(с) аз ҷониби Худо ба сўи тамоми ҷаҳониён фиристода шуд, хитобаш ба мардум (дар Қуръон) инчунин буд: “Бигў (эй Муҳаммад!) Эй мардум, ман фиристодаи Худо ба сўи ҳамаи шумо ҳастам.” Худованд ўро ҳамроҳ бо рисолате, ки дар ҳамаи замон ва макон тўл дорад, фиристод. Рисолате, ки ҳамаи маконҳоро дар олами паҳновар ва ҳамаи замон (то рўзи қиёмат)-ро дарбар дорад. Ҳеҷ паёмбаре қабл аз ҳазрати Муҳаммад(с) нагуфта, ки омада то ба паёмбарӣ хотима бибахшад. Танҳо паёмбаре, ки омада то эълом бикунад, ки рисолаташ барои ҳамагон ва паёмбариаш хотимабахши паёмабариҳост, ҳазрати Муҳаммад(с) аст. Ва модоме, ки ин рисолат ва паёмбарӣ, хотимадиҳандаи рисолатҳо ва паёмбараш ҳам хотами паёмбарон ва китобаш (Қуръон) охирини китобҳои осмонӣ ва умматаш охирини умматҳост, пас ногузир ин паёмабарӣ ва рисолат бояд дарбардорандаи салоҳият (барои фарогирии ҳар замон ва ҳар макон) ва низ дарбардорандаи тавоноиҳо ва авомили устуворӣ, боз будан ва кушодарўӣ (барои ҳама) ва ҳамдўшӣ бо пешравиҳо бошад, ки ўро қодир бар тавоноӣ ва ислоҳ созад.

М. Абдуллоҳ: Маънои фармудаи шумо ин аст, ки башарият ҳам ба дараҷае пухта расида будааст, ки (бо паёмбарии ҳазрати Муҳаммад(с)) дигар ниёз ба омадани паёмбаре набуда. Яъне башар тавоноии зист бидуни паёмбаронро пайдо карда?

Д. Қарзовӣ: Оре, рушди башарият дар замони Расули Худо(с) ба марҳалае аз пухтагӣ расида ва ин истеъдодро паёдо карда, ки як рисолати ом (умумӣ) ва ҷовидонаро дарёфт намояд. Вале қабл аз он дорои чунин истеъдоде набуда. Албатта табиист, ки башарият дар он замон мебоист ба дараҷае аз пухтагӣ бирасад.

М. Абдуллоҳ: Хуб. Бармегардем бар сари он тавоноиҳо ва авомиле, ки шариати моро, шариате посухгў ва ҷавобгўи ҳамаи талабот ва ниёзҳои башар то замони вопасин қарор дода. Ҳоло ин авомил, ки шариати мо онро дорост ва вайро ба гунае қарор дода, ки ҳамроҳ бо замон, ҳаракат кунад, кадомҳост?

Д. Қарзовӣ: Ин авомил панҷто ҳастанд. Ибтидо ба таври кўтоҳ унвонҳои онро зикр карда, сипас ба тафсил перомуни ҳар яке баҳс мекунем. Ин авомили панҷгона иборат ҳастанд:

1) Шариати мо (ҳукми) ҳамаи чизҳоро мавриди ишора ва дастури худ қарор надода, балки ба чизҳое ишора карда ва чизҳоеро ба унвони “минтақаи афв” бидуни ишора боқӣ гузошта. (Тавзеҳ он, ки шариати ислом ҳукми ҳамаи чизҳоро ном ба ном, ки оё масалан фалон чиз ҳаром аст ё ҳалол баён накарда, балки ҳукми баъзе чизҳоро гуфта (мисли ҳаром будани нўшидани арақ ва ...) ва ҳукми чизҳои дигареро ба номаш баён накарда, балки ба унвони “минтақаи афв” гузошта, яъне ҳар ончӣ ҳукмаш баён нашуда, аз назари Ислом ҳалол ва мубоҳ аст).

2) Дастуроти шариати исломӣ ба тарзи куллӣ баён шудааст. Ба таври ҷузъӣ ва тафсилӣ, ки фақат барои баъзе замонҳо (на ҳамаи замонҳо) ва танҳо барои маконе махсус (на ҳамаи маконҳо) салоҳияти иҷро дошта бошад, ворид нашудааст.

3) Ва ҳамон мавориди ҷузъӣ ҳам, ки мавриди назари шариат буда, қобилият дорад то бо иҷтиҳод (-и муҷтаҳид) куллият ёбад. (Масалан, агар гуфта “арақ ҳаром аст, зеро масткунанда мебошад”, муҷтаҳид ба ин мавриди ҷузъӣ, ки арақ аст, куллият дода ва ҳар он чиро, ки масткунанда бошад, ҳукми ҳаромро дода).

4) Шариати мо қонунҳо ва дастуроти куллӣ, ки барои ҳамаи замонҳо ва ҳамаи маконҳо гунҷоиш дошта бошад, вазъ карда, хусусан қоидаҳое, ки дар ҳолоти зарурат вазъ шуда (мисли ин, ки фармуда “Дар ҳолати маҷбурӣ ва душворӣ ҳамаи чизҳо ҳалол ва мубоҳ аст”), ки ба инҳо осониҳо ва рухсатҳои шаръӣ гуфта мешавад. Шариати исломӣ осонгирӣ бар мардумро риоят кардааст.

5) Тағйирпазирии фатвоҳо (-и муҷтаҳидон). Қоидаеро муҳаққиқон ва уламои уммати ислом муқаррар кардаанд, ки фатво бо гузашт ва тағйири замон, макон, урф ва ҳолу аҳволи мардум тағйир мепазирад.




Screen Shot: Project BOB


Contact Me:
If you want to add some information to my web site then visit it first so you can suggest where it should go.

My URI is:
http://my.website.com
My address is:
James "The Great" Gamebino
123 Arcade Row
AlwaysInside, SomewhereVille 54321

My Email address is:
myemail@mywebsite.com